БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ФАРДОИ МИЛЛАТАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Нуруллоев Саъдулло мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия иброз дошт, ки ҷавонон на танҳо фардои миллат, балки имрӯзи миллату давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ бояд ҳарчӣ бештар хираду заковати худро тақвият бахшида, баъди хатми муассиса кӯшиш намоянд, ки соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба халқу Ватани хеш хизмати содиқона намоянд. Инчунин, масъулин оид ба пайвастани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо ба китобу китобхонӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва аз худ нишон додани фаъолнокӣ дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва маҳфилҳои илмию адабӣ суханронӣ намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg