БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши ҲХДТ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ бузург аст

ФАРХОР. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳия Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз деҳаи Бӯстон ва Бунафшаи ҷамоати деҳоти Дарқад маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд.

Сипас дар мавзӯъи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ибрози андеша намуд.

Ҳадафи асосии ҲХДТ – роҳнамоии сиёсии намудани мардум ва таъмини Ваҳдати миллӣ маҳсуб дониста мешуд. Яъне мақсади таъсиси ҳизб таҳкими Ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани марому орзуҳои мардуми тоҷик, пойдории давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд.

Бо кӯшишҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҲХДТ-дарёфти сулҳу субот ва оромию осоиштагии ҷомеа ба Ваҳдати миллӣ табдил ёфт, татбиқу амалӣ гаштани дигар ғояҳои ҳизб, яъне рушди иқтисодиёт, расидан ба ваҳдати умумиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри навин эътимоди халқро ба ояндаи ҲХДТ қавитар гардонид.

Барои таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва тақвият додани фаъолияти ин ҳизб зарурати сиёсӣ шуд. Бо ин мақсад ҲХДТ яке аз аввалинҳо шуда, ба Аҳдномаи ризояти ҷомеъа имзо гузошт.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер баромад намуда, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм ва мақсаду моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg