БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ БАДАХШОН, ФИРЕФТАИ НАЙРАНГҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ НАШАВЕД!

ВОКУНИШ.  Мардуми  шарифи  Бадахшон  ба  Шумо  мо  сокинони  ҷумҳурӣ  муроҷиат намуда,  даъват  ба  амал  меоварем, ки  ба  дассисаҳои  навбатии  душманони  миллат, нотавонбини аъмо  аз ҷоҳиливу нотавонбинӣ, ки бо ишораи хоҷагони зархаридашон  санги маломату надомат  ба сӯйи   фарзандони хеш  ҳавола намудаву   ҳисси бадбиниву   номеҳрубонии ононро  нисбати  сулҳу  суботи  комили  кишварамон  барохтанӣ мехоҳанд,  аҳамият   надиҳед.  Дар  Тоҷикистони  маҳбуби мо  дар  мубориза   баҳри   соҳибистиқлолии  кишвар   ҳазорон нафар   ҷон   бохтаанд, ҳазорон  нафарашон   беному    нишон  шуданд,   ҳазорон  нафари   дигар  бошанд    дар   мулки ғайр   маскан  гирифтаву   соҳиби  хонаву    дар гардидаанд,   аммо    нафарони   зиндабудаи    дар   Ватан  монда,    дар   дилҳои   хеш  умед  мепарвариданд,   то  сулҳ   ба   Ватан    боз    ояду   онҳо   низ    аз   ҳавои   поки     Ватан  озодона   нафас     бигиранд,   Имрӯз як гурӯҳи фарзандони замоне барои миллату давлат «содиқ», амсоли  гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи  гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва  ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо  онҳо бозори  ҳангоматалабии  худро  гарм  сохта,  мардуми  шарифи  Бадахшонро  ба  гумроҳӣ  бурда дар сомонаҳои    интернетӣ  хабарҳои   дурӯғу  туҳматангез, дассисаю  иғвоҳои  навбатии  худро  нисбати  давлату  ҳукумати  феълии Тоҷикистон  ва  иқдомҳои   инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари  давлат барангехта  бо   тобиши  барои  худашон  маъқул   пешниҳод  намуда,  ҷомеаро ба нофаҳмӣ  меоранд.          Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солими Бадахшон бояд дарк  намоянд, ки он ҳама  гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи  Ҳукумату  давлат  раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди  миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.

Душманони  миллат  роҳбарияти  фирории ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи  -24,  Паймони  миллӣ, бозори  дассисаи  навбатии  худро гарм  сохта   бо  даъвоҳои  беасос  ва туҳматангези  худ  мардумро  ба гирдиҳамоӣ  даъват карда,  бародарро  бо  бародар  ҷанг  андохтанианд.     Ҳодисаҳои  нангини  дар маркази  ВМКБ  ба  амал  омада  кулли  мардуми  кишварро  ба  таҳлука  андохтааст. Вазъи  гузаштаи  начандон  дур барои  мо  сабақест. Мо  мардуми  кишвар  шаҳди  ин  фитнаю  хусуматро  чашида  хулосаи  худро  баровардаем.   Имрӯз  дар кишар  низоми  давлатдории  миллӣ, волоияти  қонун , сохторҳои  қудратӣ  фаъолияти  густурда  доранд.  Ҳар  як  ҷиноят,  ҷинояткор  ва  гунаҳгор  дар  назди қонун беҷазо  намемонад.

Хусусан  ба модарони  Бадахшонӣ  муроҷиат  намуда, хоҳиш  менамоям, ки  ҳаргиз  иҷозат  надиҳед, ки  нохалафони  даст  ба  иғво  зада ба  сари  мардум кулфату  ғам  оранд.   Ҷинояткор  дар  асоси  Қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷазои  худро мегирад.

Боварии  комил  дорем, ки  мардуми  шарифи  Бадахшон ҳамчун  фарзандони бо  нагу  ори  Ватан ҳеҷ  гоҳ  ба  ҷавонони  фиребхӯрдаву ноогоҳ, ки  бо  дасисаи душманони  миллат ду  се нафар  нохалаф дст  ба  нооромиҳо   задаанд  иҷозат  намедиҳанд.

Имрӯз  ҷавонони  мо  бояд  ҳушёру  зирак  ва  аз  авзои  сиёсии  ҷомеаи  ҷаҳонӣ бохабаранд, ҳамчун  фарзандони  бо  нангу  ори  Ватан ҳеҷ  гоҳ  ба  ин  душманони  миллат  роҳ  надиҳанд, ки пояҳои  Истиқлолияти  кишварро  заиф  гардонанд,ин  сулҳу  салоҳ ва    оромии  ҷомеаро ҳифз  намуда,  кору  зиндагӣ  намоянд. Манфиатҳои  миллӣ-Истиқлолияти  давлатамонро  ҳифз  намоянд.  Ин мардум ҳаргиз доғдори  номи миллат, ватан дини мубини Ислом ва мазҳаби поки хеш намемонад.

Ализода С., раиси КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg