БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАДИ СИНО” ТАЪСИС ЁФТ

КӮЛОБ.  Бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ  Мунаввараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева маҷлиси муассисони Маркази дандонпизишкии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  Дилноза Шоева  ба сухан баромада, қайд намуд, ки маҷлиси аз 4 масъала иборат мебошад, қабули аъзои нав ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди маркази ва дигар масъалаҳои ҷорӣ.

Зикр гардид, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонанд дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ саҳми муносиб дошта бошад.

Дар робита бо ин дар рафти кори маҷлис тибқи талаботи банди 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди маркази дандонпизишкии шаҳри Кӯлоб ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, бо тарафдории ҳизирин номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Мадади Сино” гузошта шуд.

Инчунин, дар рафти кори маҷлис аз ҷониби мудири  шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ҷиҳати тақвияти кор дар самти ҳуҷҷатнигорӣ тибқи талаботи Оиннома, Низомнома ва Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ ба хотири беҳтар шудани фаъолияти ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар байни ҷомеа маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg