БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон – кишваре бо ташаббусҳои бузурги ҷаҳонӣ

ПАНҶ. Дар  саҳни чойхонаи маҳаллаи Навобод 1-и ҷамоати деҳоти Меҳвар маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия баргузор гардид.

Масъулин дар баромадашон  оид ба ташаббусҳои неки Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об баромадҳо намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроия Файзиев Каримҷон қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ташаббуси бузург буда,  аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмимлалӣ зарурати таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш  додани ифлосшавии муҳити зист ва самарнокии истифодаи он, ҳифзи  экосистемаҳои об, идоракунии муштарки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид  менамояд. 

Ин боис шуд, ки 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, ки ин пешниҳод аз 21 марти соли 2018 дар рӯзи ҷаҳонии об мавриди амал қарор гирифт.

Ин иқдом  боиси ифтихору сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол  шуда, пазируфта шудани тадбири дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистонро дар арсаи  ҷаҳонӣ шуҳратёр намуд.

Баъдан, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби созанда ва бунёдкор  суханронӣ намуд.

Вохӯрӣ бо таъсиси ташкилоти ибтидоии «Навобод-1» ва қабули 13 нафар сокинони маҳалла ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg