БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБИ РОҲНАМО ВА ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА

«Вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

АНДЕША. Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии азизамон- Тоҷикистон аз тарафи аъзо ва тарафдорони ҲХДТ  27 – солагии таъсисёбии ҲХДТ-ро ҷашн мегирем. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки мо ба хотири ояндабинӣ фаъолияти ташкилоти ҳизбии хешро баррасӣ мекунем, бояд аз нақши ин ҳизби созандаю бунёдкор дар таҳкими истиқлолияти миллии кишварамон ёдовар шавем. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ қувваҳои зеҳнии ҷомеа ба ин ҳизб таваҷҷуҳ пайдо карда, бо роҳбарӣ ва ҳидояти  Раиси муаззами ҳизбамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд ҷомеаро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшанд. ҲХДТ аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёсӣ баромаданаш мавқеи пешоҳангиро ишғол карда, дар ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеа нақши муассир бозид. Равандҳои созандагиро дар ҷомеа инкишоф дода, тавассути ташаббусҳои роҳбари ҲХДТ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф ва роҳҳои мустаҳкам кардани давлатдорӣ ва пешрафтро тарҳрезӣ ва амалӣ кард.

Такя ба ақли солим, кор гирифтан аз манфиатҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ имкон фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо ҷонбозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расида, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёбад ва ин ҳаракат бо сарварии Пешвои тоҷикон барои муназзам тараққӣ кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат шароит ба вуҷуд орад. Бешубҳа, вақте, ки оид ба нақши ҲХДТ сухан гуфтанӣ мешавем, вазъияти начандон дури Водии Вахш пеши рӯ меояд. Танҳо қайд кардани он, ки Тоҷикистон ба тамаддуни муосир фарҳангу сулҳ эҳдо кард, кифоя аст, ки мо ифтихор кунем, зеро ин хидмати беназири Пешвои  муаззами  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон қайд карданд, ки «Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳи сартосарии мо халалдор шавад» ва мо ҳимояи сулҳи сартосарии Тоҷикистонро вазифаи ҷонию имонии худ меҳисобем.

ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додаву барои садоқати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад». Барономаи сиёсӣ – иқтисодии ҳизби мо дар асоси имкониятҳои воқеӣ ва таҳлили илмӣ мураттаб гардида, дар онҳо чизҳои тасодуфӣ ҷой надоранд. Қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот созандагию ободонӣ дар байни дигар давлатҳои дунё мавқеи устувор дошта, обрӯву эътибори он дар арсаи байналмиллалӣ бо шарофати ташаббусҳои созанда ва ҷаҳду талошҳои бунёдкоронаю сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами тоҷикон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол баланд мегардад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҲХДТ дар татбиқи амалии чор ҳадафи аслии стратегии Ҳукумати мамлакат ҳаматарафа ҳимоят мекунад. Дар раванди сиёсати дохилӣ, марҳила ба марҳила дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва саноатикунонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодаем.

Дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти ҳизби мо ҳамчун ҳизби ғолиби парлумонии кишвар дар ҷомеа ниҳоят калон аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар аст ва бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои дигар, ки дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда дорад. Қисме аз рақибони сиёсии мо даъвои онро доранд, ки обрӯи ҲХДТ ба он вобастааст, ки роҳбарии онро Президенти мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Бале, роҳбарии давлати мо барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардонидани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ наҷот додани кишвар ва ободу зебо гардонидани гӯшаю канори мамлакат корҳои бузургеро анҷом додааст, анҷом дода истодааст ва анҷом медиҳад. Бинобар ин, дар миёни мардум обрӯ ва маҳбубияти хоса дорад. ҲХДТ номзадҳои соҳибобрӯ ва арзандаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешбарӣ мекунад, ки аксари онҳо пирӯзиро ба даст меоранд.

Дар асоси сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии ҳизбамон ба масъалаи занону ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, ҳама ташаббусҳои неки онҳоро дастгирӣ менамояд. Имрӯзҳо дар сафи ҳизб ҷавонон фаъоланд ва то дараҷаи роҳбарӣ дида мешаванду мавқеи баландро соҳибанд, чунки ҳақиқатан зодагони имрӯзу фардои ин меҳананд. Ҳумчунин теъдоди занон низ бисёранд. Имрӯз зан – модар – вакил, зан –вазир, аъзои Ҳукумат, зан олим, соҳибкори муваффақ, омӯзгори ботаҷриба, табиби ҳозиқ ва муҳандису барқчӣ буда, тавонистаанд нақши худро дар рушди тамоми соҳаҳо гузоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нимаи аввали соли 1993 оғоз гаштааст ва дар тӯли 27  соли фаъолият 14 Анҷуман гузаронида шудааст, ки дар ин анҷуманҳо масъалаҳои ташкили ҳизб, интихоби раиси ҳизб, пешбарии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани Стратегия ва тактикаи ҲХДТ – ро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа – давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ дида шудаанд. 

Қаҳҳоров Искандар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg