БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИСЁР ХАСЕ БОЯД, ТО ПУХТА ШАВАД ХОМЕ...

АНДЕША. Дар зиндагӣ на ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқ намояд.

Барои фарқ намудани ин хислатҳо ҳар шахсро мебояд соҳибхирад, соҳибақл бошаду аз бузургону оқилон ибрат гирад. Ҳар шахсро зарур аст, ки вақти қиммати худро самаранок истифода намояд ва коре, ки бояд имрӯз анҷом шавад набояд ба фардо гузорад. Бояд шитоб кунем, то ақлу заковат ва дониши хешро самаранок истифода намоем, зеро умри мо чун об равон аст.

Ҳар як шахс меъмори ҳаёти хеш аст ва то ба ҷое расидан, соҳиби ақлу хирад, обрӯ ва эътибор гардидан мебояд заҳмати хеле зиёд намуд.

Чуноне, ки мегӯянд: “Бисер хасе бояд, то пухта шавад хоме...” Ҳатто барои пухтани таом хасу хошоку ҳезуми зиёд мебояд то, ки таом хушлаззату иштиҳоовар шавад. Пас барои дар ҳаёт пухта гардидани инсони комил низ фурсати зиёду таҷрибаи гарон мебояд. Пас барои соҳибақлу донишманд гардидани ҳар шахс мебояд аз хурдӣ илму дониши зиёд андӯзад. Пас барои дар зиндагӣ муваффақ шудан рафтору кирдори хубе бо атрофиён бояд дошт.

Дар дунё шахсе нест, ки дар зиндагӣ ба ягон нокомӣ дучор нашуда бошад. Аммо фарқи инсони оқилу пухта ва соҳибақл аз дигарон дар он аст, ки пеш аз ҳама сабур асту ба нокомиҳо рӯҳафтода намешавад, баръакс зиёдтар ҷидду ҷаҳд менамояд то дар зиндагӣ муваффақу комёб гардад.

Дар охир пеш аз ҳама ба ҷавонон рӯ оварда мегӯям, ки вақти пурқимати худро самаранок истифода намуда, илму дониши замони хешро аз худ намоянд ва дар зиндагӣ комёбу муваффақ гардида, ифтихори  падару модар ва Ватани азизи хеш бошанд.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg