БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ МАТБУОТ ДАР ҲАЁТИ ҶОМЕА

АНДЕША. Дар шароити кунунӣ мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо барои аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба воситаи ахбори рӯзномаҳо аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, навгониҳои кишвар огоҳ мешавем.

Мусаллам аст, ки ғизои моддӣ ғизои бадан ва ғизои маънавӣ ғизои рӯҳу равон аст. Одамизода ба ин ду чиз сахт эҳтиёҷ дорад ва эҳтиёҷ дошта метавонад.

Инсоният вақте аз ғизои моддӣ (аз хӯрдан ва нӯшидан) фориғ мешавад, агар ба фарҳанг бошад ва аз донишҳои дунявӣ огаҳӣ дошта бошад, зуд рӯ меорад ба ҷӯстан, мутолиа ва ҳоказо. Ба қавли шоири равоншод Ашӯр Сафар:

Ба одам хӯрдану пӯшидан аз даври фалак будаст,

Ба давлат он ки гирди маснади фарҳанг мегардад.

Барои ғизои маънавӣ гирифтан яке филми хуб мебинад, дигаре китоб мутолиа мекунад, саввумӣ рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашрро ба даст мегирад. Агар ғизои моддӣ сабаби зинда мондани ҷисм бошад, ғизои маънавӣ рӯҳи одамиро побарҷо нигоҳ медорад, рангинии равони ӯро пурра мекунад.

Дар шароити ҳозира харҷи маблағ барои сарфи ғизои моддӣ ва маънавӣ дар ҳар оилаву хонавода гуногун аст. Агарчанд аҳолӣ дар бештар ҳолат таъмини ғизои моддиро назар ба ғизои маънавӣ дар мадди аввал мегузорад, вале бисёранд оилаҳое, ки барои таъмини ғизои маънавии худ аз роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун обуна мешаванд ва ғизои маънавии худро ба воситаи он қонеъ мегардонанд.

Сарфи маблағ барои хариди рӯзномаву маҷаллаҳо сарфи беҳуда набояд бошад. Чунки шахсоне, ки ба шабакаҳои интернетӣ сару кор надоранд, лозим доранд, ғизои маънавии худро ба воситаи мутолиаи газетаҳо дастрас кунанд. Нафароне ҳастанд, ки моҳона то 300 сомонӣ ва аз он ҳам бештар барои истифодаи интернет маблағ сарф мекунанд. Бо роҳи обуна шудан ба ду - се рӯзномаҳо сарфи маблағ аз истифодаи моҳонаи интернет ба маротиб арзонтар  меафтад.

Матбуот аз замони арзи ҳастӣ карданаш то ин дам мавқеи худро гум накардааст. Бо вуҷуди тараққиёт ва рушду нумӯи асри иттилоот, матбуот - яъне газетаҳо ҳамеша фазои холигии ҳаёти ҷомеаро пур карда меистанд. Танҳо дар ин ҷода боз ҳам рангину ҷолибтар пешкаш кардани ғизои маънавӣ ба мардум буда, ба ҳунару истеъдоди рӯзноманигорон вобастагии қавӣ дорад. Ҳамеша дар ҷустуҷӯву дар такопӯ будан, бисёр мутолиа кардан, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҳоказоро талаб мекунад.    

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg