БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲРИ ВАТАН ДАР ДИЛИ МО АЗ КӮДАКӢ НАҚШ МЕБАНДАД

АНДЕША. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёр ва садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст.

Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдаки зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ сарфаҳм раванд. Ин кор пеш аз ҳама маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Бинобар ин дар мактабҳо фазои сулҳ, ваҳдат, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату муқаддасоти Тоҷикистон ҳукмфармо, танинандоз ва дар мадди аввал қарор гирад.

Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи замонҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва заҳматталаби ҷамъиятӣ шуморида шуда буд ва ин мафҳум то ҳол идома ёфта истодааст. Барои амалӣ ва самарабахш натиҷабардорӣ кардан аз чунин мафҳумҳо бояд аз кӯдакистонҳо сар карда бачагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ғояҳои олии муқаддасоти кишвар парвариш намоем. Тарбияи ватандӯстии хонандагон вобаста ба синну соли онҳо гуногунранг мешавад. Ба он муаллимаҳо, мураббияҳо, роҳбарони синфҳо дар ҷараёни дарс ва берун аз дарс бо назардошти нақшаи таълимӣ ва нақшаи тарбиявии тариқи соатҳои тарбиявӣ, корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ амалӣ менамоянд.

Дар мактабҳо асосан чунин кор тариқи соатҳои тарбиявӣ ба нақша гирифта мешаванд; вохӯрӣ гузаронидан бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақл кардани ҳаёти қаҳрамонони шуҷоъ, гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, омода намудани ҳар гуна озмунҳо бахшида ба пос доштани арзишҳои миллӣ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон.

Усмонов А. сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg