БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМИ ХОСА ДОРАНД

ВОСЕЪ. Дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон пас аз ба истиқлоли давлатӣ расидан Парчами худро дар соли 1992 қабул намуд. Зеро Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонони мо ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса доранд,  афзуд дар баромади худ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Юсупов Баҳром.

Дар идомаи маҷлис аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баромадҳо намуда, эҳтироми хосаи худро ба ин муқаддасоти миллӣ изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg