БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ РАМЗИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГИСТ

АНДЕША. Ҳамасола 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Парчами давлатии Тоҷикистон таҷассумгари даврони  соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихорамон ба шумор меравад.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 23 ноябри соли 2010 чунин таъкид намуданд: «Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд».

Дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҳар як гӯшаю мавзеъ-биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногунро  дидан мумкин аст. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар маркази пойтахти азизамон маҷмааи Парчами давлатӣ бунёд карда шудааст, ки ҳамчун баландтарин парчам ба китоби “Рекорди Гинес” шомил гардида, диққати ҳар як сокину меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамзамон дар ҳар як шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои ватани маҳбубамон низ майдону маҷмааҳои бешумори парчами давлатӣ бунёд шудаанд, ки барои талқин намудани ғояҳои худшиносӣ ва баланд бардоштани эҳсоси волои меҳанпарастӣ барои насли ҷавону наврас хидмати шоиста менамоянд.

Ба ин хотир, арҷгузорӣ, эҳтирому ифтихор ва қадршиносии парчами давлатӣ, ки таҷассумгари умеду ормонҳои мардуми мо, рамзи давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад, вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти кишварамон мебошад.

Расулов А., муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg