БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Парчами давлатӣ барои шинохти асолати миллӣҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъию муттаҳидии сокинони кишварамон басо арзишманд мебошад. Имсол аз қабули Парчами давлатӣ 29-сол сипарӣ гардид, ки он имрӯз яке аз рамзҳои муҳими давлатдории мо ва орзую ормонҳоямон маҳсуб меёбад.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки Парчами давлатии мо дар пештоқи созмони бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём медиҳад.

24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи кишварамон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносию ватандустона ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Парчами давлатӣ ифтихори мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқло ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад.Парчами давлатӣ ифодаю тасдиқи нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати  куҳанбунёд  буда, фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқамонро исбот менамояд.

Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон  чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори мардуми соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон хоҳад буд.

Рӯзи Парчами давлатӣ ҳар яки  моро бори дигар ҳушдор  медиҳад, ки баҳри ободию  рушд ва тараққии диёри биҳиштосо саъю талош намоем ва қарзи фарзандиро дар назди давлату  миллат  адо  намоем.

Неъматуллоева С., мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg