БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФҒОНИСТОН - МАНОТИҚИ ГЕОПОЛИТИКӢ

АНДЕША. Аз замонҳои дури таърихӣ то ба имрӯз ба мо маълум аст, ки манотиқи Осиё барои давлатҳои абарқудрат чун минтақаи амалӣ гардонидани аҳдофи сиёсӣ ва геопалитикӣ будааст. 

Афғонистон низ чун кишвари мустақар дар Осиё аз ҷиҳати сиёсӣ дар тамоми давраҳои таърих гоҳ тобеи як кишвари тараққикардаи давр ва гоҳе тобеи дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад. Дар масири таърих Афғонистон кишвари рушдкарда будааст, ки далели боэътимоди он ҳам таърих ва фарҳанги бою ғанияш аст. Таъсири фарҳангии Афғонистону кишварҳои ҳамҷавори он бо якдигар ва аз ин роҳ вусъат ёфтану пайвастан ба фарҳангҳои навташаккулёфта ва дар ғанӣ гардонидани онҳо нақши таъсиррасон гузоштааст. Боқимондаҳои ёдгориҳои таърихии Буддо дар Бомиён далели муътамади ин гуфтаҳост.    Афғонистон мамлакати сермиллат буда, дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ мекунанд. Қисмати зиёди ҳайати миллии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки фоизашон ба 44 баробар аст ва бисёри мардуми ин кишвар ба забони дарӣ ҳарф мезананд.Имрӯзҳо ҳам аз тариқи рӯзномаву радио ва оинаи нилгун воқиф мегардем, ки қисме аз мардуми ин ҷумҳурӣ чи гуна овораву сарсон дар кишварҳои Аврупову Осиё ҳастанд ва қисми дигар дар дохили Афғонистон озору азият дида истодаанд. Ин ҳам бошад баъди барканор шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15 августи соли 2021 пас аз гирифтани ин ҳукумат аз ҷониби “Толибон”. Гуфтан лозим аст, ки ҳукумати ташкилшудаи  нави Афғонистон  ҳеҷ гоҳ ба манфиати мардуми ин минтақа фаъолият накардаанд ва нахоҳанд кард. Инро метавон дар фаъолияти 3 моҳаи ин ҳукумат тасдиқ кард. Ба дараҷаи паст расидани сатҳи зиндагии ин мардум ҳам далели дигари боэътимод аст.         

Имрӯзҳо ба воситаи оинаи нилгун мебинем, ки духтарони афғон дар ихтирои роботҳо дар шаҳрҳои гуногун иштирок намуда, муаррифгари кишварашон мегарданд. Занону духтарони афғон мехоҳанд мисли мардонашон дар расонаҳои хабарӣ фаъолият кунанд, вале инкори хостаҳои ҳамаи онҳо боз ҳамин ҳукумати “Толибон” мебошад.      Бояд гуфт, ки дар мӯътадил гардонидани вазъи имрӯзаи кишаври Афғонистон ҳам давлатҳои ҳамҷавор ва ҳам созмонҳои ҷаҳонӣ бояд  якдилона саъй намоянд.

Раҷабалиев Самандар,  омӯзгори МТМУ №4-и н.Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg