БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРМУ ҲАЁ БА ЗАН ЗИНАТ МЕБАХШАД

АНДЕША. Занон дар бештари маврид нисбати мардон зиёд мебошанд. Аммо дар аксарияти давлатҳо иззату эҳтироми махсусро соҳибанд. Аз ҷумла ба занон корҳои вазнин раво дида намешавад. Дар ҷое, ки зан аст, мардон бо эҳтиёт сухан мегӯянд, ки мабодо аз забонашон суханҳои қабеҳ набарояду занон наранҷанд. Занон аз лиҳози равонӣ нозуктабиат буда, нозу карашмашонро мардон мебардоранду эҳтиром мекунанд, чунки занон барои мардон фарзанд ба дунё меоранд. Фарзанд бошад орзуи ҳар як мард аст.

Дар ҷомеаи имрӯза вобаста ба суръати баланди технология ва таъсири таблиғоти дигар давлату қитъаҳо баъзан занону духтарон рафторҳои худро низ тағйир медиҳанд. Дар давлатҳои хориҷ тамоку кашидан, шароб нӯшидан чандон аҳамияте надорад. Аммо дар кишвари мо чунин амали як зан таваҷҷуҳи аксариятро ҷалб менамояд.

Шарму ҳаё аз замонҳои қадим дар занони мо мавҷуд буд. Ҳатто дар баъзан оила духтарон аз доштани шарм бо падари худ суҳбат карда наметавонистанд. Аксарияти мардон дар синни ҷавонӣ мехоҳанд бо духтари бо шарму ҳаё оила барпо намоянд. Бо ин мақсад солҳои зиёд дар паи ҷустуҷӯи ҳамсар вақти худро мегузаронанд. Пас маълум мешавад, ки барои ҷавонон зани шармгин қобили қабул аст. Занон дар баробари ороиши либос ва рӯй дар ҷамъомаду маъракаҳо шарм доштанашон як зебогиеро зам менамояд. Хостгорҳо низ аз овозаи доштани шарму ҳаё дари волидони духтарро мекӯубанд. Бештари оилаҳо кӯшиш мекунанд, ки аъзои оилаашон дар доираи одоб суҳбату рафтор намоянд. Чунки онҳо одат карда дар берун аз хона низ бо ин рафторашон диққати дигаронро ҷалб месозанд.

Моро дар бештари маврид аз рӯи одоб ва рафторамон пазироӣ мекунанд. Пас зарур аст, ки дар ҳама вақт бо доштани шарму ҳаё ва одоби хоса миёни ҷомеа фаъолият намоем.   

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg