БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демоератии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар толори Кумитаи иҷроия озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Расми Беҳтарин”-ро байни хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ баргузор намуд.

Дар озмуни мазкур муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Азимҷон Расулов ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Каниева Низора, инчунин 50 нафар иштирокчии озмуни мазкур ширкат варзида, ҳунару малакаи эҷодии худро рӯи коғаз оварданд.

Дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳакамон 6 нафар ғолибон муайян карда шуданд, ки ду нафар ҷои якум, ду нафар ҷои дуюм ва ду нафаи дигар бошад, сазовори ҷои сеюм гашта, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом масъулин аз фурсати муносиб истифода бурда, иштирокдоронро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод гуфта, ба онҳо барои боз ҳам равнақ бахшидани корҳои эҷодӣ пешравиҳо таманно намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg