БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ҲАМ ВАТАНАМОНРО МЕСОЗЕМ!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав сохтмони иағоза, сартарошхона ва иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ оғоз гардид, ки ин аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тағоев Фаррух барои мардуми ин маҳала ба истифода дода мешавад.

Мавсуф зимни сузбат бо сокинон моҳияти  созандагӣ ва обод гардонидани ҳар гӯшаи диёр ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми иштирокдорон расонид.

Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома дошта, мардуми шарифи ноҳия суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, баҳри ободонии Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg