БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти Ваҳдати миллӣ

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ   бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳоро  баргузор  намуда  истодаанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Файзи Истиқлол” вохӯрӣ гузарониданд. Ҳамзамон зимни суҳбату вохурӣ масъулин доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тарғиботии ҳизб, моҳияти “Ваҳдати миллӣ”,  пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавию  таърихии  миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба дарки ҷомеа расонида шуд.

Дар охир ба  иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg