БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОС ДОШТАНИ РӮҲИ ГУЗАШТАГОН АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

ВОСЕЪ. Дар ноҳияи Восеъ амалиёти умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” аз тарафи сокинони  деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Гулистон хуб пазируфта шуда, бо иштироки васеи сокинон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин амалиёти дастаҷамъона шахсони рӯзгордидаву ҷавон баҳри ободу тоза намудани атрофи оромгоҳҳо ҳашари умумиро  ба иҷро расониданд. Ин амалиётро шахсони калонсол бештар дастгирӣ намуда, барои ташкилкунандагон изҳори сипос баён намуданд.

Бояд қайд намуд, ки амалиёти  умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар якҷоягӣ бо бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва дигар сохторҳои дахлдор гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg