БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДИСТ!

АНДЕША. Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки ватандӯст будан ин ҷон супоридан барои Ватан  аст. Албатта, ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман амале, ки манфиатовар бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатовар набудан басанда аст, ки зараррасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Албатта, бо Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар аст, ки Ватан аз мо, аз рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ҳам ифтихор намояд.

Модар-Ватан ду мафҳуме ҳастанд, ки барои ҳар як шахс азизу муқаддасанд. Модар моро ба дунё меорад, Ватан бошад, дар оғӯши гарму нозпарвараш моро тарбия намуда, ба воя мерасонад. Дар ҷомеаи имрӯза беҳтарин туҳфаи ҳар як ҷавонмард ин хизмати софдилона намудан ба Ватан мебошад. Имрӯзҳо  ҳамаи мову Шумо шоҳиди он ҳастем, ки ҷавонони боору номуси кишварамон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат баҳри хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, ба мактаби мардонагӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Воқеан ҳам, хизмати ҳарбӣ ба ҷавонон дарси шуҷоату матонат, мардонагӣ, солимӣ ва мукаммал ба воя расиданро меомӯзонад. Рисолати ҷавонмардии ҳар як ҷавонмардро метавон ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ равона шудан мушоҳида кард. Зеро ҳастанд нафароне, ки барои хизмати Ватан-Модарро ба ҷо овардан канораҷӯӣ менамоянд. Дар баъзе аз ҷавонмардон шаъну шарафи мардонагӣ дида намешавад. Марде, ки аз хизмати Ватан-Модар саркашӣ менамояд, чӣ гуна метавонад оилаи худро нигоҳубин намояд?  Дар оянда фарзандонашро чӣ гуна тарбияи ватандӯстӣ дода метавонад?

Ҳол он ки имрӯзҳо тамоми шароит барои хизмати ҳарбӣ муҳайё карда шудааст. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ҳимояи таъриху фарҳанги ниёгон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо ҷавонон маҳсуб меёбад. Аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меорам, ки дар фазои тинҷу ороми Ватани азизамон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, бо як азму иродаи қавӣ ба хизмати Ватан-Модар рафта, мардонавор ин рисолати ҷавонмардии хешро ба ҷо оранд.

Салимова Сабоҳат,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар н.Вахш                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg