БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ЗАНОНУ ДУХТАРОН

КӮШОНИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҳизб  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид ва амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки занони фаъол, собиқадорони ҳизб, ҷавондухтарони муассисаҳои таълимии №1 ва 20, кормандони муассисаи томактабии №23,  ташкилотҳои ибтидоии “Стоматология”, “Фарҳанг”, “РАСИН”, “КАТС”, “Меҳнатобод” суҳбату мулоқот ва вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.

Дар мулоқотҳо вобаста ба масъалаҳои болозикр намояндагони ҳизбӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои риояи талаботи  қонунҳои амалкунанда раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg