БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ МО ҲИЗБИЁН АСТ!

АНДЕША. Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифта истодааст. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.

Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст гардида, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эъҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ мемонд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 1992 ба САҲА, 2 марти соли 1992 ба СММ, апрели соли 1992 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 1 декабри соли 1992 ба Созмони Конфронси Исломӣ, 18 январи соли 1993 ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, 6 апрели соли 1993 ба ЮНЕСКО ва ғайра шомил гардид.

Бо шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавии беназири сиёсии худ, сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмиллалиро ҷиҳати фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод.

Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аз тарафи Раиси Шӯрои олии ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид.

Дар баёния Роҳбари давлат муҳимтарин ва умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба чунин тарҳрезӣ намуд:

1. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ,

2.Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаоварӣ тарафайн ҳамкорӣ кунанд.

3. Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ.

4. Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

5. Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Амрикову Аврупо.

6.Ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби нӯшокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 соли оби тоза ва таҳияи барномаи дарозмуддати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз тарафи СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳимми сатҳи байналмилалро дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд. Дар доираи ин ташаббус 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмиллалӣ сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар он беш аз 900 нафар намояндагони воломақом ва коршиносони сиёсӣ аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Соли 2015 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навро дар бораи эълон намудани барномаи «Даҳсолаи об ба хотири рушду устувор» барои солҳои 2018-2028 пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо руҳбаландӣ истиқбол гардид.

Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё роҳбарон ва сарварони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Япония, Австрия, Полша, Венгрия, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гутериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.  

Боиси тазаккур аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дӯстӣ барои ҳар як шаҳрванди ноҳия мо як љањон хушњолї бахшид, ки ин маротибаи 6-ум мебошад.  Мо њизбиён аз қудуми мубораки  Раиси муаззами ҲХДТ, ки дар ҳар як ташрифашон симои ноҳияи Дӯстӣ боз ҳам ободу рангинтар мегардад, рўњу илњоми тоза зам намудем. Пешвои миллат дар ташрифи навбатии худ, ки ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, дар ноҳияи Дӯстӣ чандин бинову иншоотҳои сиёсӣ-иљтимої, фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо мавриди истифода қарор донанд. Айни замон шоҳиди ифтитоҳи боз як бинои хуштарҳу замонавӣ гардидем, ки ин бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ буд.  Мо кормандони ҳизб солҳои пешин дар бинои филиали “Тоҷик-Телеком” тариқи иҷора фаъолият доштем. Раиси муаззами ҲХДТ, Сарвари азизи кишварамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи инро ба инобат гирифта, моро бо чунин ҳадяи ҷашни истиқлол бинои ҳизбӣ сарфароз гардониданд. Баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони масъули ҳизб мулоқот доир намуданд, ки саршор аз тавсияҳои муфид барои пешбурди сиёсати ҳизбӣ ва рангин сохтани ҳаёти сокинони вилояти Хатлон ба шумор мерафт. Ман ҳамчун мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Дустӣ аз номи худ ва аз номи тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ минатдории бепоёнро баҳри дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат баён намуда, ҷавобан ба чунин ғамхориҳои падаронаи Раиси муаззами ҲХДТ ба халқу миллат содиқона хизмат намуданро фаромӯш намекунем. Ва сазовори чунин дастгириҳои Сарвари давлат мебошем.

Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ,

Ҳизбе, ки номдор шуд инак ба номи халқ,

Ҳизбе, ки ҳаст дар аввалаш эҳтироми халқ,

Ҳизбе, ки дар давоми ӯ дидам давоми халқ,

Ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст.

Он ҳизб Ҳазби Халқии Демократист ӯст.

Абӯбакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg