БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ ГАРДИДАНД

Ш.ШОҲИН. Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки аъзои Раёсат ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  аз рӯи масъалаои ҷамъбасти натиҷаҷои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз маъракаи обуна ва баррасии ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Толибҷон Назарзода оид ба масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда» ҳисобот дод.

Баъдан вобаста ба ин масъала узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумъазода Шифо, намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  Сайёра Ҳусейнова ба сухан баромада, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти босуботи Кумитаи иҷроия ва  фаъолони он  мансубанд, ибрози андеша намуданд. 

Баъди баррасии масъалаҳо тибқи рӯзнома   Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия бо назардошти таклифу  пешниҳоди аъзои Раёсат қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg