БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ВОБАСТАГИИ БУЗУРГ БА ХУДИ ИНСОН ДОРАД

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масалан, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ва ғайра. Инчунин, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.  

Ҳамчунин, оид  ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳи деҳқонӣ низ баъзе тавсияҳо дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg