БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛ

АНДЕША. Баъди соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳияи Восеъ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Хусусан дар соҳаи варзиш аз ҷониби соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, аз соли 2018 то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия майдончаҳои хурди бозии футбол сохта ба истифода дода шудааст. Бо дарназардошти талабот ҳатто дар баъзан деҳаҳо низ майдончаҳои футболи болопӯшида низ сохта ба истифода дода шуданд. Чунин шароит ва имкониятҳои мавҷуда ба он оварда расонид, ки ҷавонону наврасон бозии футбол ташкил менамоянд. Мусобиқаи онҳо тамошобинони зиёдеро ҷалб намуда, онҳо вақти худро дар он мегузаронанд. Ин омил ба он оварда мерасонад, ки бозии футбол дар маҳаллаҳо рушд карда, бозингарони хубро низ омода намудааст.

Иншоотҳои варзишӣ бо дарназардошти талаботи ҳатто дар деҳаҳо зиёда аз ду то низ сохта шудаанд. Албатта, иншоотҳои варзишӣ ба манфиати худи ҷавонону наврасон буда, руҳу тани онҳоро солим нигоҳ медорад. Аз ҷониби дигар ҷавононро аз корҳои беҳуда нигоҳ дошта, дар замири онҳо шавқу ҳавасро ба варзиш бештар мекунад.

Мусобиқаҳои варзишӣ миёни онҳо бошад, метавонанд бозингарони хубро низ омода намояд, ки онҳо метавонанд кишварро дар мусобиқаҳои гуногун муаррифӣ намоянд.

Вақте, ки дастаҳо миёни худ мусобиқаҳо мегузаронанд, боз байни деҳаҳои ҳамсоя мусобиқаи бозии футбол эълон намуда, қувваозмоии худро нишон медиҳанд. Ин ба он оварда мерасонад, ки муттаҳидӣ ва дастҷамъии наврасону ҷавонон зиёд гардида, машғул шудан ба варзиш дар замири онҳо пайдо мегардад. Ин албатта, яке аз сабабҳои рушди бозии футбол дар деҳаву маҳаллаҳо дониста мешавад.

Соҳибкорони ватандӯсти мо имрӯзҳо барои рушди диёр ва маҳалли худ дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит ва имконоти мавҷударо барои мардуми маҳал фароҳам оварда истоданд. Маҳз ин амали созандаи онҳо ба соҳаҳои гуногуни кишвар таъсири мусбии худро расонида истодааст.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg