БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШҚИ ҶИСМОНИИ СУБҲ - КАФОЛАТИ СОЛИМИИ БАДАН

АНДЕША. Мо албатта ҳар субҳ аз хоб мехезему аввал дасту рӯйи худро мешӯем. Ин амал ба мо анъана  шудааст. Агар дар баробари шӯстани дасту рӯй каме ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавем, ин амал метавонад бадани моро солим ва узвҳои моро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад. Машқҳои ҷисмонии субҳ баъди хоби дароз ба тамоми мағзу устухони бадан таъсирӣ мусбат мерасонад.

Зеро дар вақти саҳар хун ба ҳаракат даромада, узвҳои хобро низ бедор мекунад. Агар шароити дигар машқҳои ҷисмонӣ бошад боз бадани мо хубтар хуш менамояд. Дар ҳолати надоштани шароити  хуб аст, ки машқҳои оддиро ба монанди нишастану хестан, тоб додани дасту пой ва дар ҷой давидан иҷро намоем. Ин амалҳои оддӣ бадани моро мустаҳкам ва ҳамагуна маводҳои зиёдатиашро тоза менамояд.

Дар сурати ба машқҳои ҷисмонӣ одат намудан боз беҳтар мегардад, ки бадан дар вақти муайян обу тоб дода мешавад. Инсоне, ки мунтазам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул мешавад натиҷаи онро худаш ҳис карда, хурсанд мешавад. Машқҳои ҷисмонӣ дар ҳама маврид солимии тану бадани мо ва устухонҳоро нигоҳ медорад. Машқҳои ҷисмониро дар ҳама маврид ба ҷо овардан мумкин аст. Яъне, дар хонаҳои баландошёна ё ҳавлӣ ҳатто дар ҷойҳои корӣ низ. Барои кормандоне, ки бештар дар утоқҳои корӣ менишинанд зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии бемориҳои сутунмуҳра ва дигар дар як рӯз чанд маротиба машқҳои ҷисмониро ба ҷо овард. Ин омил метавонад онҳоро аз бемориҳои гуногун раҳо кунад.

Агар имконият бошад аз мураббиёни соҳаи варзиш ё китоб барои иҷрои машқҳои ҷисмонӣ истифода кард. Боз машқҳое ҳастанд, ки бештар манфиат доранд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg