БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАҲО МУШАХАССАНД, ВАЛЕ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ҚУБОДИЁН. Дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Маҷлиси Раёсати ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

 Дар кори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аъзои  Раёсат, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, раисони маҳаллаву деҳот, имомхатибон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ  иштирок доштанд.

Маҷлиси Раёсатро  бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб оғоз намуда, вобаста ба корҳои анҷомдодаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давоми нуҳ моҳ ҳисобот дод.

Инчунин, дар маҷлис  натиҷагирӣ аз рафти маъракаи обуна ба  нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, баррасии ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

Садриддинзода Бадриддин Талбак раиси ноҳияи Қубодиён доир ба 2 масъалаи рӯзномаи маҷлиси Раёсат  ба сухан баромада, афзуд, ки чун ҳамагон медонанд, минбари иттилоотии ҲХДТ-ро дар ҷумҳурӣ ва  вилояти Хатлон нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ташкил медиҳад.    Иҷроиши   нақшаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар марҳилаи ба анҷомёбӣ қарор дошта, ташкилотҳои ибтидоие, ки нақшаи обунаро ба нашрияҳои ҳизбӣ то ба имрӯз ба анҷом нарасонидаанд, зарур аст дар муҳлати наздиктарин иҷро намоянд.  

Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Бозорова Зебо аз рӯйи натиҷаи нишондиҳандаҳои рейтинги ҳизбӣ таи 9 моҳи соли равон   баромад карда, ба шахсони масъул барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастури қатъӣ пешниҳод намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg