БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЙВОНОН ПАҲНКУНАНДАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

АНДЕША. Дар ҳама давру замон паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ ин ҳайвонҳои ваҳшиву хонагӣ ҳастанд, ки тавассути пӯсту гўшту шир ва порўйи онҳо ба одамон интиқол меёбанд. Надонистани қоидаҳои гигиенӣ ва санитарӣ, надоштани маълумоти кофӣ дар бораи бемориҳои тавассути ҳайвоноту парандагон гузаранда сабаби сар задании бемориҳои сироятӣ мегардад.

Масалан, наврасоне ҳастанд, ки ба парвариши паррандагон ва сагу гурба шавқ дошта, бо онҳо беэҳтиётона муносибат мекунанд. Агар ҳайвонҳои мазкур аз ташхиси духтур нагузашта бошанд, бемориҳои гуногуни сирояткунандаро байни онҳо паҳн мекунанд. Бемориҳое, ки тавассути ҳайвоноту паррандагон мегузаранд, хеле хавфнок буда, ҳаёти инсонро метавонанд ба марг дучор кунанд.

Бинобар ин, ҳангоми нигоҳубини ҳайвонот ва парандагон калонсолон ва ҳамчунини кӯдаконро зарур аст, ки тамоми қоидаҳои гигиениву санитариро риоя карда, оид ба ҳар як бемории тавассути онҳо паҳншаванда тасаввуроти амиқ дошта бошанд. Махсусан, ҳангоми нигоҳубини сагу гурба дар хона бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки онҳо ба маҳсулот ва хӯрокворӣ наздик нашаванд, онҳоро бӯй накашанд. Имконияти дар дохили хона гаштугузор кардани онҳо маҳдуд карда шавад, зеро ҳам саг ва ҳам гурба тавассути луоби даҳонашон микробҳои зиёди бемориҳои гуногунро паҳн мекунанд, метавонад боиси бемории аҳли хонавода шавад. Илова бар ин, тибқи анъанаҳои мардуми мусулмон наздик шудани сагу гурба ва дигар ҳайвонот ба дегу табақ ва дигар ашёи рӯзгор мамнуъ аст.

Хулоса, агар хоҳем, ки солиму бардам бошем ва наздикону пайвандонамон доимо сиҳату саломат дар барамон бошанд ҳамаи моро зарур аст, ки ҳангоми муомила бо ҳайвонон эҳтиёткор бошем ва қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоем, ҳангоми дучор шудан ба ҳодисаҳое, ки боиси сироятёбии мардум мегардад хунукназарона рафтор накарда, балки пеши роҳи онро гирем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg