БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Нури Хуросон”  баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботи  Шарифзода Исмоил  раиси ташкилоти ибтидоии " Нури Хуросон " оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас, Ғуломов Саидасрор намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии нафарони масъулиятнок ба сафи ҳизб, дастовардҳои замони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори андеша намуд.

Дар фароварди маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар корҳои ободкориву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри ободиву сарсабзии кишвари маҳбуб саҳми босазои худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg