БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМОНАТБОНК БОНКИ МАСЪУЛИЯТШИНОС АСТ

Н.ХУСРАВ.  Ин  навбат дар  ташкилоти  ибтидоии “Амонатбонк”-и  ноҳияи Носири Хусрав      маҷлиси  ҳисоботӣ  дар  нуҳ  моҳи соли ҷорӣ баргузор  гардид.

Доир  ба  масъалаи якуми  рӯзномаи  маҷлис раиси     ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ     аз  фаъолияти  нуҳмоҳаи   ташкилот   ҳисобот   пешниҳод  намуд. Дар  ҳисобот оид ба  масъалаҳои  ҳалталаби  ташкилоти  ҳизбӣ ва  корҳои  ба  анҷом  расонида,   ҷиҳати   таблиғи  Оиннома  ва Барномаи  ҳизб, ҳаракати  аъзои  ҳизб тибқи  нишондодди Роҳнамо  барои  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ дарҷ карда шуда буд.     

Намояндагони Кумитаи  иҷроия дар навбати худ афзуданд, ки   рушди  иҷтимоиву  иқтисодии  кишвар, бахусус пешрафти  соҳаҳои  иқтисодиёт, таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ, боло  рафтани иқтидори  содироти  маҳсулоти  кишоварзӣ  ба  бонкҳо зич  алоқаманд  буда, пардохти хизматрасониҳои  бонкӣ низ беҳтар  мегардад. Кормандони  Амонатбонкро зарур аст, барои  зиёд  намудани  ҳаҷми  қарз  ба  бахши  хусусӣ  махсусан  ба  кишоварзону  хоҷагиҳои  деҳқониро   беҳтар  ба  роҳ  монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg