БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУҲ МОҲИ ҲИЗБИЁН НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи ҳисоботӣ доир карда шуд.

Маҷлисро раиси “Шуғлӣ аҳолӣ” Давлатов Қурбон кушода, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муддати нуҳ моҳи сипаригардида  ибрози ақида карда, вазифаҳои ояндаи ташкилотро барои семоҳаи чорум  муайян намуд.

Инчунин,  намояндаи  Кумитаи иҷроияи  ҳизбӣ ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии номбурда дар тӯли 9 моҳи сипаришуда дар корҳои ҳизбӣ фаъолнокӣ нишон дода, дар чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузоштааст. Дар оянда низ ташкилоти ибтидоиро зарур аст, тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ корро боз ҳам пурзӯр намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg