БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУҒЛИ ОДДӢ БА МО НОН МЕДИҲАД

ВОСЕЪ. Бе муболиға баъзан нафарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо баъди хатми муассисаҳои таълимии миёна кушиш мекунанд, ки ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шуда соҳиби касби бонуфӯз шаванд. Лек онҳо баъзан вақт фаромӯш кардаанд, ки одитарин шуғл метавонад инсонро нон диҳаду ба ҷайбаш маблағ ворид кунад. Баъзан нафарон танбалии худро нишон дода мегӯянд, ки ин кор намешавад даромадаш кам кораш бисёр. Чунин муносибати онҳо метавонад то охир онҳоро бе шуғл монад. Замоне, ки касби омӯзгориро доштам шогирде суол дод, ки устод касби беҳтарин ва хубтарин кадом аст? Ва дар кадом донишгоҳ онро дарёфт кардан ва таҳсил кардан мумкин аст?

Дар ҷавоб қайд кардам: -касби беҳтарин ҳамоне аст, ки ба ту даромад медиҳад ва рӯзгоратро пеш мебарӣ аз ҷониби дигар ту аз тамоми қалб ба он касб фидоии ҳастӣ. Пас беҳтарин касб ё шуғл маҳз барои ту ҳамин аст. Аз чунин ҷавоби ман шогирдро хуш наомад, ки инро ман ҳис кардам.

Ҳоло бошад шогирдон худ қоил мешаванд, ки  мақсади мо таҳсил кардаем бо ихтисосҳои гуногун аммо дар касбҳои дигар фаъолият дорем. Хубаст, ки нафаре дар касби хости дилаш таҳсил кунаду дар он мутахассиси варзида шавад.

Аз ин лиҳоз мо ба тариқи мисол қайд кунем ҳатто пойафзолдӯзӣ ба мо низ даромад медиҳад. Агар нозукиҳои ин касбро омӯзиву аз чарми тоза пойазол истеҳсол кунӣ даромади хуберо соҳиб хоҳи шуд. Танҳо барои ҳар як нафар зарур аст, ки дар ин шароит нозукиҳои касб ва шуғле, ки орзу дорад омӯзаду худро ҳамчун мутахасиси он соҳа омода намояд.

Барои ҷавонони имрӯза омӯзиши касбҳо осон ва қулай мебошад. Зеро дар шабакаи интернет садҳо нафар касбҳои гуногуну муосирро ба дигарон меомӯзонанд. Аз ҷониби дигар қариб дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо Литсейҳои касбии техникӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо дар омӯзиши касб ба шаҳрвандон нақши муҳимро мебозанд.

Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg