БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛА МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

ДӮСТӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  суҳбату вохӯрӣ бо кормандони САҲШ доир карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон мебошад.

Зимни суҳбат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоиров Сабзаалӣ  вобаста ба номгузории миллии тоҷикӣ, сари вақт таъмин намудани навтаваллудшудагон бо шаҳодатнома, кам кардани ҷудошавии оилаҳо ва зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни навхонадорон ва оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ сардори бахши САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ Холиқзода Г вобаста ба сатҳи хизматрасонии бахш ба аҳолӣ ибрози андеша карда, барои дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроия пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон омодагии худро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg