БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДОИР ГАРДИД

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи барқ” баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ С. Бозорова кушода, дар бораи  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳисобот дода, вазифаҳои ояндаи ташкилотро барои семоҳаи чорум муайян намуд.

Баъдан корманди масъули ҳизбӣ Алиев Зафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи сиёсии ҷаҳон изҳори андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин кард.Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзои наве, ки бори аввал ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорида, таъкид сохт, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихору  сарфарозист аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg