БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ ГАРДИД

ШАҲРИТУС. Маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи “Талбак Садриддинов” бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия,  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  дар  сатҳи баланди сиёсӣ бо баррасии фаъолияти нуҳмозаи ташкилоти ибтидоӣ  баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии  мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Тағоев М. кушода, оид ба масъалаҳои баррасишаванда дар  рӯзномаи маҷлис дар се масъала, яъне  ҷамъбасти  нуҳмоҳа ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми  соли  2021,   натиҷагирӣ аз маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва дигар  масъалаҳои  ҷорӣ (қабул ё боздошт ва ё аз қайд баровардани аъзои ташкилот дар ҳизб,  иштирокчиёнро шинос намуд. Ҳамзамон мавсуф дар бораи фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод.

Сипас, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳомидҷон Шарофзода баромад намуда, оид ба  маъракаи “Обуна-2022” ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ”, қабул ё боздошт ва ё аз қайд баровардани аъзои ташкилоти ибтидоӣ изҳори нигаронӣ  намуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул  маслиҳатҳои  муфид  доданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg