БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН – МОДАР ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ!

АНДЕША. Айни замон маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба неруи бузурги тавоное  табдил ёфтааст.

Дар давраи мавҷудияташ Артиши Миллии Тоҷикистони соҳибистиклол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард буда, далериву ҷасурӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад.

Бояд ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизи хеш содикона ҳизмат намояд ва Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастиаш аз дилу ҷон дӯст дошта ба ҳимояи он доимо тайёр бошад, зеро ояндаи Ватани азизамон дар дасти худи мо ва  ҷавонон аст. Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҳар як фард аст. Ҷавонмард дар хизмати ҳарбӣ қадри сарзамин, обу хоки он ва қадри падару модарро дарк мекунанд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард.  Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонид. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи  мамлакат аст. Имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии минтақаву ҷаҳон, аллалхусус  дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Афғонистон вазъият ногувор аст, бояд ҳар як ҷавонмарди точик ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносиро дарк намуда, далеру шуҷоъ бошад.  Њизмати Ватан –Модар қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оварда, барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бубандад. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд  мегиранд.

Ҳукумати  кишвар беҳтарин шароитҳоро дар қисмҳои ҳарбӣ муҳайё намудааст, ҷойи хоби тозаю барҳаво бо таҷҳизотҳои гармидиҳанда аз ҷиҳати эклологӣ бехатар, рахти либос, ҷевонҳои нигоҳдории таҷҳизотҳои шустушӯй, толори варзишӣ, ҳуҷраи махсуси нигоҳдории либосҳои мавсимии сарбозон, макони шустушӯи либос бо дастгоҳҳои электронӣ, ҳаммом ва гармобаи замонавӣ, сатарошхона, ошхонаҳои замонавӣ, таомҳои ғизобахш, меваю сабзавот ва нуқтаи нонпазӣ хулоса тамоми шароитҳои хизмат барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст. Пас танҳо софдилонаву  далерона хизмат кардан мебояд.

                         Сарбоз будан нишонаи мардӣ аст,

                         Тобовари ҳам гармиву ҳам сардӣ аст.

                         Мо баҳри Ватан бар ҳама хизмат дорем,

                         Ин беҳтарин дарси ҷавонмардӣ аст.

Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg