БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ НУҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

ХУРОСОН.Мувофиқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии  фаъолияти нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Идораи барқ” маҷлиси ҷамъбасти  нуҳмоҳаи  соли 2021 бо иштироки  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баргузор карда шуд.

Зимнан  доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” ҳисобот дод.

Дар ҳисобот оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғи Оиннома ва Барномаи ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб тибқи нишондоди Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ахборот пешниҳод гардид.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, татбиқи қисмати амалии Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» , «Тозагии маҳал», роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ва ғайраҳо сухан гуфт. Дар охир дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg