БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДОИР ГАРДИД

КӮШОНИЁН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи №2"-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи №2"-и ноҳия оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии нафарони масъулиятнок ба сафи ҳизб, дастовардҳои замони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори андеша намуд.

Дар фароварди маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар корҳои ободкориву созандагӣ, аксияҳои  ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри ободиву  сарсабзии кишвари маҳбуб саҳми босазои худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg