БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИС МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи№-1" бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ дар 9-моҳи соли 2021 баргузор гардид.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи№-1" Абдуллоева Ш, оид ба фаъолияти худ дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳисобот дода,

номбурда қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби мувафақ ва пешоҳанги ҷомеа буда, бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҳама самтҳо пешравӣ дорад ва дар сатҳи ҷомеаи байналмиллалӣ обрӯю мавқеи хосса пайдо кардааст.

Дар анҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоиров Сабзаалӣ  суханронӣ карда, вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ" ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ба шахсони масъул таъкидҳо намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg