БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР

ФАРХОР. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия тасмим гирифтанд, ки дар ободии ноҳия саҳмгузор бошанд. Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки дар ин раванд ҳазорҳо километр роҳҳои ҷумҳурӣ азнавсозӣ ва ҳозорҳо километр роҳҳои нав бунёд карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Фархор низ бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳия дар кӯчаи С. Айнӣ, ки роҳи он солҳои дароз аз натиҷаи рафту омади зиёди автомобилҳо валангор шуда буд, ба масофаи 2 км азнавсозӣ ва мумфарш карда шуд. Ҳамзамон, масъулини ташкилоти ибтидоии мазкур тасмим доранд, ки дар дигар кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия ҳамин иқдоми пешгирифтаашонро идома диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg