БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАДАНИЯТ ВА ЭСТЕТИКАИ МАНЗИЛ

АНДЕША.  Ҳар зоти бани башар баъди пой  бар арсаи  вуҷуд гузоштан худро дар  оғӯши табиат, муҳити зист, сохти иҷтимоӣ мебинад, бо ҳарорат, меҳрубонӣ ва парасторӣ ҳамаи онҳо болиғ мешавад ва ба камол мерасад, бо таъсири онҳо хислату одатҳои  накӯ ва ба ҳам баду номатлуб ҳосил  менамоянд, арзишҳои умумибашариро аз бар мекунанд. Ба саволҳое шарик мешавад, ки аҳли башар як зайл ҷавоб меҷӯяд: чӣ тавр  бояд зист  ва чӣ коре бояд кард, ки умр ба  хушнудӣ ва гуворо гузарад?

Дар ин ҳама корҳо хонадони падарӣ манзил, ки одам он ҷо ба дунё омада ба воя мерасад, маданият, миллат  ва фаҳмиши зебоипарастӣ дар он нақши басо бузург бозида, шавқу рағбати эстетикӣ дар он  нақши басо бузург бозида, шавқу рағбати  эстетикии ӯро мунтазам баланд  мебардорад ва ё барбод медиҳад.

Агар  ҳавливу хона тозаву ороста,  дару тирезаҳо покиза, асосияи рӯзғор:, мизу курсӣ, радиову телевизион, қолинҳо, рафу ҷевонҳо бо тартиб  ҷо ба ҷо гузошта  шуда бошад, табъи сокинони он низ  мутобиқан чоқ буда, аз ҳар  гӯшаи  он як ҷаҳон лаззати эстетикӣ  мегиранд, меҳмонон ба чунин  хонадон бо рағбати том  даромада, аз ороиши он фараҳ мебаранд, ки ин аз назари аҳли байт пинҳон намемонад.

Ороиш ва рӯбичинӣ манзил якборӣ ва абадӣ нест. Хонаву ҳавлиро мунтазам озодаву покиза нигоҳ дошта,  дар мавридҳои зарурӣ асбобу анҷоми манзилро нав ҷо ба ҷо гузоштан, асбобҳои равшандиҳиро ба ороиши хона, ҷои кор,  истироҳат ва хуфту хоб ҷой кардан, барои баланд бардоштани  шавқи эстетикии аъзои оила, махсусан  насли навраси хонадон аҳамияти бағоят муҳим дорад. Бинобар  ин ба ороиши манзил  ҳамаро ва пеш аз ҳама мактабиёнро  ҷалб кардан лозим аст. Вале  кӯшиш бояд кард, ки наврасон роҷеъ  ба ороиши эстетикии манзил  ақидаи мусбати худро дошта бошанд.

Волидон ва  калонсолони дигари хонадон ба онҳо ба тариқи машварат  ёрӣ расонида, тарзи беҳтар  ва барои ҳама қобили  қабули корро  ёфта тавонанд. Наврасон  дар оила  ба ҳама намудҳои фаъолияти  меҳнатӣ ошно шуда, ба фарқ карда тавонистани  хубу бад, зебоиву  бетартибӣ, дилпазирӯ манфур  тайёр мешаванд, аз ҳар як кори  ба ҷо оварданашон, ки боиси эътирофу таҳсини калонсолон гардидааст, ба завқ меоянд ва ҳисси  зебоипарастиашон афзун мегардад.

Барои баланд бардоштани завқи  эстетикӣ анъанаҳои оилавӣ, ба монанди ташкили рақси суруд дар  ҷашнҳо  маъракаҳо ва дигар тадбирҳои хурсандии оилавӣ, тамошои асарҳои  санъати нафиса, хондану муҳокимаи  китобҳо, намоишҳои телевизионӣ ва ғайра нақши муҳим мебозанд.

Вале дар ин бобат ҳадду меъёри зуруриро нигоҳ дошта, ба дараҷаи олӣ расонидан мумкин нест. Ба он кӯшиш лозим, ки анъана ривоҷу равнақ ёфта, ба тарбияи  наслҳо таъсири муфиди эстетикӣ расонад.

Бо мурури замон ва тақозои зиндагӣ анъанаҳо тағийр меёбад, чунончӣ як  намудҳои дигарро танг мекунад. Вале  муд баъзан ба дараҷаи бемаънигӣ мерасад, яъне ба ҷои зебоиву шинам будан одамро баднамуд  мегардонад. Бинобар ин  ба муд  аз ҳад зиёд пайравӣ накарда,  ба ранги  пӯст, қаду баст ва ҳатто касбу кори хеш мувофиқ либос пайдо кардан, сару рӯйро ба он ва умуман ба талаботи давру замон монанд доштан  мувофиқи мақсад мебошад. Барои  ҷавонписарону духтарони  тоҷик либоси миллӣ аз атлас, беқасам ва матоъҳои имрӯзи шинам ва зебост.  Кӯшидан лозим аст, ки либос ҳам барои худ  ва ҳам  барои одамони муосир ҷозиб ва дилпазир, ба синну сол  ва фаслҳои сол мувофиқ бошад ва шавқи эстетикӣ бахшад.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg