БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲАИ ҲИСОБОТӢ

Ш.ШОҲИН. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Сино» маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи ҳисоботӣ доир карда шуд.

Маҷлисро директори  Маркази дизенфексионии ноҳия Неъматов Абдуқаҳҳор кушода, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муддати нуҳ моҳи ҳисоботӣ ибрози  назар намуда, вазифаҳои ояндаи ташкилотро барои семоҳаи оянда муайян кард.

Дар як навбат кормандони масъули ҳизбӣ ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки ташкилоти ибтидоии номбурда дар тӯли 9 моҳи сипаришуда дар корҳои ҳизбӣ фаъолнокӣ нишон дода, дар чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузоштааст. Дар оянда низ ташкилоти ибтидоиро зарур аст, тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ корро  боз ҳам пурзӯр намояд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg