БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ЗАМИН НОНРЕЗАҲОРО ЧИДА МЕМОЛАМ БА ЧАШМ…

АНДЕША. Нон аз шумори он муқаддасотест, ки дар ҳама давру замон инсон ба он ниёз дорад. Агар дақиқтар андеша ронем, ҳастии инсонро бе нон тасаввур кардан нашояд. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст.

Аз давраҳои қадим то имрӯз нон барон инсон неъмати азизу бебаҳо ба ҳисоб меравад. Кадр кардани нон ҳамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз қадим одамон нисбати нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи нонро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон  бебаҳотарин неьмати дунё, рамзи хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат маҳсуб меёбад.  Дар он ҷое, ки нон аст, адабу фарҳанг ва санъат низ ба мушоҳида мерасад. Нон зиннати дастархон, қуввату дармони мардум аст.

Халқи тоҷик анъанаҳои фаровони ҳамидаи миллӣ дорад. Масалан, ба зери бистари кӯдак гузоштани нон, меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва ҳангоми сафар нон дар бар доштан ҳар яке рамзи худро дорад.
Хулоса, аввалин чизе, ки ба рӯи хон мегузоранд, нон аст. Оре, нон давлати Худодод ва нерӯи ҷисми инсонист. Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳқон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнатқаринии он аз замин гандум мерӯяд. Одамон гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд.                                     

Илова бар ин, ҳамин нуқта мусаллам аст, ки ҳар неъмате, ки инсон ба воситаи меҳнати ҳалол дарёфт мекунад, барояш азиз аст. Саодати рӯзгори мо бо нон марбут аст. Ончунон инсон ба нон ниёз дорад, ки ҳангоми гуруснагӣ бо ганҷи зиёд як пора нон мехарад. Бале, барои шахси гурусна нон мисли ганҷи дунёст:

Ташнаро як қатра об аз дурри даре беҳтар аст,
Гушнаро як пора нон аз ганҷи дунё беҳтар аст.

Аз ин рӯ, бузургдошти ин неъмати муқаддас ва ба мисли гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи ҳар як сокини сайёра мебошад, зеро нон шабеҳи хуршеди олам дилу дидаи моро равшан мекунад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg