БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ –ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ. Дар  муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №17 маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маъруфхуҷа Баҳодуров” дар 9 моҳи соли 2021  бо иштироки аъзо ва   ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Нодирова Оимноз дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми 9-моҳи соли равон ҳисобот дода, қвйд кард,ки  аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок карда, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб саҳми муносиб гузоштаанд.

Раиси   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Саидмуминзода  Аббос  дар назди ҷамъомадагон суханронӣ карда, иброз дошт,ки  ҲХДТ зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси умеду орзуҳои мардуми шарифи кишвар таъсис ёфтааст. Дар тӯли 3 даҳсолаи охир аксари мутлақи пешравию рӯйдодҳои муҳиму умдаи  таърихи навини  Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  иртиботи қавӣ дорад. Робитаи қавӣ доштан  бо халқ ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он ҷавҳари асосии ҲХДТ-ро ташкил медиҳад. Ҳар як аъзои ҳизб бояд дурбину дурандеш бошад ва барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боҷуръатона ҷидду ҷаҳд намояд.

Маҷлис  аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда, вазифаҳо барои 3 моҳаи чорум муайян гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg