БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Ҳамоишҳое, ки аъзои гурӯҳи экстремистии- 24 ва аъзои Ҳизби бо номи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мамнуъ, ки сафарҳои Роҳбари давлатро дар мамлакатҳои Аврупоӣ мехоҳанд халалдор кунанд ҳаргиз ба ин мақсад расида наметавонанд. Чунки  дар ин мамлакатҳо Роҳбари давлати моро хуб мешиносанд ва сиёсати ӯро медонанд ва ба он ҳеҷ душворӣ ё зиддият надоранд, барои он ки ин сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ ба тамоми ҷаҳониён нишон дод, ки Тоҷикистон дар ин солҳо аз кадом сатҳ ба кадом сатҳ расонида шуд  ва дигар сиёсат боиси ин тараққиёт ҳеҷ вақт намешуд.

Ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳони муосир шуда гузаштааст, аз ҷумла дар Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва дигару дигар давлатҳо нишон дод, ки барои тараққиёт ва пешрафти давлат чунин сиёсате даркор аст. Низоми сиёсию иқтисодиро дуруст ба роҳ монад ва ин ҳамоишу худнишондиҳӣ ва бесарусомониро, ки зидиинсонӣ мебошанд ва онҳоро мо ҳамаи халқи Тоҷикистон маҳкум менамоем.

Тоҷикистони азизи мо бо сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз пеш рафт ва тараққӣ дарда, зиндагии мардумро дар сатҳи баланд қарор дод. Мо бо Пешвои миллатем  ва намегузорем, ки ягон нохалафе  садди роҳи сиёсати дурусту пешгирифтаи Роҳбари давлат бошад.

С. Ғуломов,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg