БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОН ҲЕҶ ГОҲ БА МАНФИАТИ ХАЛҚУ ВАТАН КОР НАМЕКУНАНД

ВОКУНИШ. Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар Ватани худ барои осоиштагии худ ва наздикон тадбирҳо ҷӯяд ва Пешвои миллати мо аз ҳамон шахсоне мебошад, ки баҳри зиндагии шоиставу рангин, сулҳу амонӣ, ваҳдату ягонагии кишвари худ аз вақти ба сари қудрат омаданаш талошу заҳматҳои зиёде намудааст. Бояд қайд намоем, ки сафарҳои кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ҳафтаи охир ба давлатҳои Аврупо гувоҳи он аст, ки ин фарзонафарзанди миллат то ба ҳол ғами халқи худро мехӯраду баҳри зиндагии беҳтару хубтар доштани мардуми тоҷик ва пешрафту тараққиёти Ватани азизамон бо мамоликҳои хориҷ алоқаҳои дӯстиро зичтар менамояд.

Аммо хоинони ватанфурӯш аз ин пешравиҳо ҳасад бурда, дар шабакаҳои интернетӣ ҳангомаҷӯӣ менамоянд. Аслан ҳaдaфи ин хоинон aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият, нооором сохтани давлат ва ба ҷангҳои иттилоотии бемаънӣ даъват намудани миллати тоҷик ва хусусан ҷавонон мебошад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Хулоса, сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаву амалҳои номатлуби ин хоинони миллатфурӯш воқиф мебошанд. Ва моро зарур аст, ки бар зиддӣ нохалафоне, ки бар хилофи давлатдории мо сар боло мекунанд, дастаҷамъона мубориза барему дар пайравии Пешвои миллат ҳамқадами замон бошем.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg