БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪТИРОЗҲОИ БЕМАЪНӢ ВА БЕАСОСИ ХОИНОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ВОКУНИШ. Рӯзҳои 10 то 14-уми октябри соли ҷорӣ сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои Аврупо сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Ҷумҳурии Фаронса намояндагони воломақоми ин мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд. Аз ин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон сӯйистифода намуда, он хоиноне, ки дар Аврупо ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва ҳаммаслаконашон аз паси парда мисли муш кириш-кириш намуда, эътирозҳои бемантиқу бепояро бобати паст задани шаъну шарафи миллати тоҷику тоҷикистониён дар шаҳри Париж  ҳар роҳу воситаро истифода карда истодаанд.

Аз ин бадбахтон бипурсем, ки барои ин миллат, ин сарзамин ягон кори хайру савоб кардаанд, не балки болои миллати точик дар солҳои 90-ум чӣ бадбахтиҳое овардаанд, бародарро бо бародар падарро бо писар чанг дохта миллати точикро пароканда намуданд. Мо шукрона мекунем, ки болои сари миллати точик фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада, миллати точикро аз парокандаги начот дод.

Ин хоинони миллат бошанд барои як луқма нони ҳаром шуда, падару модар, зану фарзанд ва хешону наздиконашонро партофта, ба Аврупо фирор намуда, миллати точикро аз он кишвари дур паст мезананд, ки барои ин миллат, ин кишвари сулҳофар як заҳраҳам қадр надоранд ва хизматҳам накардаанд. Бо ин суханони пучу бемантиқашон мардуми точикро ба хусус мо чавонони зодаи истиқлолро наметавонанд ба худ чалб намоянд. Чунки ин суханони беасосашон дили натанҳо миллати точикро балки тамоми мардуми сайёраро гирифтаанд. 

Зиҳӣ Пешвои миллат, поянда бод Точикистони азиз ва нест бод душманони ин миллати сулҳофар!

Ватан гуфтам ва донистам, ки оғозаш ҳамин хокаст,

Баландиҳои он болотар аз эҳсосу идрокаст.

Асақолов Алиҷон, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg