
ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту тараққиёт ва равандҳои ҷаҳонишавӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Ин раванд боис гардидааст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз давлатҳои ташаббускор шинохта ва эътироф менамоянд. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои дӯстона дар самти сиёсати хориҷӣ бо дигар давлатҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафту тараққиёти кишвар таъсири мусбат мегузорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ба пешрафту тараққиётҳои беназир ноил гардидааст, ки ҳамаи ин аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва пуштибонии халқ аз ин сиёсат шаҳодат медиҳад. Нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори яке аз давлатҳои амнтарини сайёра қарор гирифтааст.
Мутаассифона ҳастанд гурӯҳҳое, ки ин амнияту субот ва пешравиҳои кишвари моро нодида гирифта, мехоҳанд бо ҷалби ҷавонони гумроҳ амнияту суботи кишварро халалдор созанд.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, чунин иброз менамоянд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст.
Ташкил намудани ҳамоиши гурӯҳи ифротии 24 дар шаҳрҳои Фаронса зимни сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ин кишвар гувоҳи он аст, ки ин ҷавонони гумроҳ бо таъсири хоҷагони хориҷӣ ва хоинони миллат, ки имрӯз барои халалдор намудани сулҳи пойдори тоҷикон аз ҳама гуна роҳҳо истифода мебаранд, гувоҳи он аст, ки имрӯз ҳам ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд амнияти моро халалдор созанд.
Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус насли ҷавонону наврас фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурўҳҳои ифротӣ нараванд.
Имрўз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатие, ки барои дар амал татбиқ намудани мақсадҳои палиди хеш аз ҷавонони бедонишу дар ақидаи хеш ноустувор истифода мебаранд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу ифротӣ ҳам худ аз Ватан беватан мешаванд ё аз озодии худро аз даст медиҳанд ва ҳам боиси сарафкандагии хешону пайвандон ва ҳамдиёрони хеш мегарданд.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки халқи тоҷик, алалхусус, ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ мубориза хоҳанд бурд.
С. Ҷалилова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод