БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди  ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни гардиш бо сардорони оилаҳо оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва неруи барқ суҳбат намуда, ба онҳо дастур доданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кишту корро дар саҳро хуб ба роҳ монанд ва ҳосили дихоҳ ҷамъоварӣ намуда, дар амнияти озуқавории оилаашон саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш ибрози андеша намуда, кайд карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мактаби бузурги ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу ори Ватан мебошад. Тоҷикистон сарзамини аҷдодӣ, Ватани фарзандони фарзонаи миллат аст ва имрӯз ҳимояи он рисолати мост. Вазифадорем, ки сарзамини бостониямон-Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ҳар ҷиҳат ҳимоя намуда, рушд диҳем, то тавонем, ба наслҳои оянда як Ватани ободу зебо, макони осоиштаву сулҳомез ба мерос гузорем.

Дар ин рӯз аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg