БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

ВОКУНИШ. Зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан баъди ҳазорсоли таърихи пурпечутобу пурфоҷиаи  миллати тоҷик дар қатори мардуми соҳибиқболу накубахти мамлакат,  ҷавонон низ аз ин неъмати бебаҳо бархӯрдоранд. Ин табақаи фаъол  ҳамқадами Тоҷикистони соҳибистиқлол  дар фазои софу беолоиш, тинҷу ором  рушд ёфта, ба камол расидаанд. Барои ҷавонон ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Онҳо метавонанд, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ ва берун аз он дар хориҷи кишвар  бо майлу хоҳиши худ соҳиби касб ва ихтисосҳои дилхоҳи худ гарданд, забони пешқадамтарин давлатҳоро омӯзанд. Заҳмату талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд,  ки миллати тоҷик ба ин рӯзҳои нек, ки орзуи ҳамешагии халқи тоҷик буд, расиданд ва ҷавонони даврони худ - яъне соҳибистиқлолии кишварро дар руҳияи хештаншиносӣ,  меҳанпарастӣ, шинохти асолати миллӣ, ҳимоя ва риояи фарҳанги пурғановати миллат, садоқатмандӣ ба Ватан ва хоки аҷдодӣ ба камол расиданд. Сарвари давлат ба ҷавонон муроҷиат намуда, чунин таъкид кардаанд, ки :”Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.”    Ҳар як ҷавони тоҷик ҷавобан ба ин ғамхориву сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат саъю талоши худро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созад, таърихи ба истиқлолият расидани Ватани худ  ва ба сулҳу Ваҳдат омадани миллатро бо тамоми бурду бохтҳояш  биомӯзанд.       

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҷавонони тоҷик аз мактаби ҷавонмардонагию хештаншиносии Пешвои миллат сабақи ҷавонмардӣ омӯхта, имрӯз сазовори боварию эҳтироми хоса гашта, дар ободонию пешрафти кишвари ҷавони худ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Онҳо дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар саноатикунонӣ, варзиш, соҳибкорӣ,  пешрафти илму техника Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ намуда, байрақи ҷумҳуриро баланд бардоштаанд. Ҷавонон симои бузург ва муаррифгари фарҳанг ва таърихи аҷдодӣ мебошанд, онҳо бо донишу заковати хеш соҳиби аслии Ватан гаштаанд.                                                                          

Аммо душманони миллат аз ҳирси нотавонбинӣ аз дили софи ҷавонон, ки аз ҳасуду бадбинӣ холист  истифода карда, онҳоро ба роҳи бад ва ҳатто қабеҳтарин гуноҳ-хиёнат ба Ватан мекашанд, ки ин хело набахшиданист.  Вале  дар ҳама ҳолат ҷавонмард бояд фаромӯш накунад,  ки номуси ҷавонмардии инсон дар маҳбубияти Ватан-Модар падидор мегардад. Ҷавонмардони тоҷик чун аҷдодони ватандӯсти худ, такягоҳи асосии Ватан-Модар, ҳимоятгари марзу бум, номус волидайну сарбландии ин сарзамини азияткашидаи худ ҳастанд. Онҳо барои ояндаи дурахшони ин сарзамин ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияту ҳукумати кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.                                                                                   

Ғуриева  Муслима, мудири  шуъбаи кор бо  занон  ва  ҷавонони КИ ҲХДТ дар ш. Норак                                   .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg