БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪСИРИ ВАЗЪИ СИЁСИИ АФҒОНИСТОН БА КИШВАРҲОИ ҲАМСАРҲАД

ВОКУНИШ. Бо ишғол кардани пойтахти  Ҷумҳурии исломии Афғонистон-Кобул ва дигар минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тақдири шаҳрвандон, ки дар баробари ин гурӯҳ бо дигар созмонҳои террористӣ меҷанганд, хеле муҳим ва нигаронкунанда мегардад. Буҳрони сиёсии Афғонистон беш аз чор даҳа идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ иқтисодӣ, амнияти минтақа пайванд гардидааст. Бахусус, пас аз солҳои 90-уми асри гузашта танзими вазъи сиёсии Афғонистон ба як муаммо табдил ёфтааст.

Дар пасманзари даргириҳои ин кишвари ҳамсоя, ки шурӯъ аз рӯзи 10-уми август оғоз гардид, ҷангиёни ин созмон забти зиёда аз 34 маркази маъмурии музофотҳо хабар доданд. Тибқи маълумотҳо дар давоми ду моҳи охир дар ҷангҳои Афғонистон ҳазорон нафар шаҳрвандони ғайринизомӣ кушта шуда, ҳазорон нафар бошандагони ин кишвар хонаҳои худро тарк намуда, ба давлатҳои дигар гуреза шуданд.

Ин вазъ пеш аз ҳама барои занон, кӯдакон ва пирони барҷомонда бисёр сангин аст. Барои ба даст овардани сулҳу субот ва ояндаи неки фарзандон занон низ дар баробари мардон яроқ ба даст гирифта, бо ҷангҷӯён мубориза бурда истодаанд. Ин падида аз чанд ҷиҳат нерӯи Толибонро заиф мегардонад. Пайвастани бонувони фаъоли афғон дар ҷанг, паёмадҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои гурӯҳи «Толибон» хоҳад буд, чунки ҷангидан бо занон ба хилофи урфу одати ҷомеаи мусалмонӣ ва фарҳанги афғонист ва чунин муносибат боиси беэътибор гаштани онҳо мегардад.

Инчунин, эътирози бонувони афғон дар баробари «Толибон» боиси дастгирӣ ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, ҳамчун рамзи мубориза ба ифротгароии динӣ табдил хоҳад шуд.

Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд. Аз ин рӯ, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан кишвари мо ва мардуми сулҳдӯсту сулҳофари тоҷик манфиатдоранд, ки нагузоранд ин гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон реша давонанд.

С.Мирзобаротзода, раиси КИ ХХДТ дар нохияи Муъминобод    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg